Суғдиёна, маҷмуъаи достонҳои нависандагони Ӯзбекистон

Суғдиёна маҷмуъаи достонҳои кӯтоҳи даҳ тан аз нависандагони форсизабони муқими Ӯзбекистон аст. Дар ин маҷмуъа достонҳои Адаш Истад, Бекназари Дарӣ, Камолҷон ибн Ҷӯра, Маҳбуба Турсунова, Озод Ҳамидзода, Солеҳ Саид Мурод, Ӯктам Иброҳим, Фаридуни Фарҳодзод, Шариф Халил, Шаҳзода Назарзода ва Юнус Имомназар бар асоси алифбо оварда шуда аст.
Ният бар ин аст, ки чунин маҷмуъаро ҳар сол гирдоварӣ кунем ва солона ба чоп бирасонем, то насрнависӣ байни нависандагони форсизабони муқими Ӯзбекистон густариш ёбад ва пайванди байни дигар нависандагон ба вуҷуд орад. Ҳар чи ба дасти мо расида танҳо бо вироиши сатҳии имлоӣ ба чоп расондаем ва ҳеч гуна вироиши муҳтавоӣ анҷом надодаем. Ин гуна чоп кардани достонҳо ду имкон ба хонанда хоҳад дод. Аввал, шинохтани сатҳи нигоришу андешаи нависандаҳои форсинависи Ӯзбекистон ва дуввум, дарёфти тафовути нигориши онҳо бо дигар нависандагони форсинавис дар кишварҳои ҳамсоя.
Набуди фазо барои табодули афкор ва маҳфилҳои фарҳангӣ, ки нависандагони тоҷики Ӯзбекистон битавонанд аз достонҳои худ бихонанд ва мавриди нақду баррасӣ қарор бигиранд, бархе аз роҳҳои рушдро барои бархе аз нависандагон баста аст ва ба онҳо имкони пару бол боз кардан ба андозаи истеъдод ва тавони халлоқияти худро надодааст. Гоҳе ҳам дар ин инзиво мебинем, ки аз тариқи мутолеъа нависанда тавонистааст барои худ роҳҳои рушд ва густариши афкори худро пайдо кунад ва намунаҳои боарзиши адабӣ тавлид кардааст. Чунин аст бархе аз достонҳои кӯтоҳи ин маҷмуъа.
Умед бар ин аст, ки ин маҷмуъа роҳи табодули афкор ва баргузории рӯнамоиҳои китобҳои тозанашрро дар Ӯзбекистон барои тоҷикон боз кунад ва ба нависандагони ин маҷмуъа ва дигар маҷмуъаҳо ин фурсатро эҷод кунад, ки пораҳое аз намунаи насри худро барои мухотаб бихонанд ва маҳфилҳои адабӣ бигустаронанд.
Боъиси таассуф аст, ки ҷои нависандагони бухороӣ дар ин маҷмуъа холист ва эй кош, дар маҷмуъаҳои баъдӣ битавонем ин холигиро пур кунем ва роҳҳои фарҳангиро бо аҳли фарҳанги Бухоро низ боз созем.
Ин маҷмуъа бидуни кумак ва ёрии Дилшоди Фарҳодзод, шоъир ва устоди донишгоҳи Самарқанд, имконнопазир мебуд. Аз ин бобат ба Дилшоди Фарҳодзод сипоси вежаи худро мерасонем ва умед дорем, ки дар ҳамкориҳои баъдӣ битавонем маҷмуъаи ашъори шоъироне чун Дилшоди Фарҳодзодро низ ба чоп бирасонем.
Яке аз мушкилоти дар хориҷ чоп кардани китоб ин аст, ки роҳҳои тавзеъи китоб маҳдуд аст ва ба шиддат гарон. Аз ин бобат умед бар ин дорем, ки дафтари интишороти Ақли Сурхро дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ фаъол кунем ва китобҳои маҳсули шоъиру нависандагони варорудиро дар батни ҷомеъа ба чоп бирасонем ва ба дасти хонандаи ташнаи китоб ба теъдоди ҳар чи бештар бирасонем.
Интишороти Ақли Сурх
Ҳолланд
2020
Categories: , ,

Reviews

There are no reviews yet.

Be the first to review “Суғдиёна, маҷмуъаи достонҳои нависандагони Ӯзбекистон”

Your email address will not be published.