Регистон (румон)

12.00

Ин румон аз тобистони 1991 қисса мекунад. Тобистоне, ки иттиҳодияи шӯравӣ фурӯ пошид ва мардуми минтақаро комилан ғофилгир кард. Шарора, М.Д. ва Санам, ҳамсари ӯ, аз қаҳрамонҳои аслии ин румонанд, ки бо тамоми сахтиҳо ва бевафоиҳое, ки нисбат ба ҳамдигар раво дидаанд, боз дар даврони тира ва нигарониҳои афзудаи замона, ва ҳамчунин ҳангоми даргирӣ бо пулиси маҳаллӣ, канори ҳамдигар мемонанд ва талош мекунанд, Самаркандро тарк накунанд, балки барои дубора ба даст овардани фазои фарҳангии аз даст рафтаи ин шаҳр ва дигар шаҳрҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон, мубориза кунанд. Аммо давлати навпои ҷадиди маҳаллӣ бо онҳо ва атрофиёнашон бархурд мекунад ва таҳдидҳои бардавом… Маркази фарҳангии тоҷикон дар Самарқанд низ дар ин румон нақши муҳим дорад ва фасли густардае аз ин румон ба рӯйдодҳои таътил шудани ин марказ мепардозад. Шарора ҳамгом бо мардуми худ дар ҷустуҷӯи ҳуввияти ҷадиди худ аст, аммо ҳамвора аз ӯ мехоҳанд ватанашро тарк кунад. Ӯ истодагӣ мекунад, аммо бо чи қиммате? … Дар ин румон метавонед бихонед.
 

Description

Ин китобро ба зудӣ дар сойти ҷаҳонии Омозон низ қобили дастрасӣ хоҳад буд.

Муҳим! 
Муштариёне, ки ба шеваи пардохти Пей Пал дастрасӣ надоранд, метавонанд, ба хайрияи маҳаллии худ кӯмак кунанд ва баргаи таъйиди он ё аксе аз ин ъамал барои мо имайл кунанд ва баробари он нусхаи диҷитоли ин румон ё ҳар китоби чопи “Ақли Сурх” барояшон фиристода мешавад.

Имайли нашри Ақли Сурх:
books@redintellect.org

Румони “Регистон”, савумин Шаҳзодаи Самарқандӣ соли 2015 навишта шудааст ва ҳол барои савумин бор бо хатти сириллик дар интишороти “Ақли Сурх” бознашр мешавад.

Ин румон соли 2015 навишта шудааст ва ҳол барои савумин бор бо хатти сириллик дар интишороти “Ақли Сурх” бознашр мешавад. Баргардон аз хатти форсиро Маҳини Даврон ва вироиши матни сирилликро Исфандиёри Одина анҷом додааст.
 
Ин румон соли ҷорӣ дар Тоҷикистон, дар интишороти “Истиқлол” низ чоп шуд. Аммо мисли дигар румонҳои ин нависанда, бо далоили сиёсӣ дар Ӯзбекистон мунташир нашудааст. Ин румон соли 2016 дар интишороти Эч анд Эс Медио дар Ландан ва Омрико бо ду хатт ҳам форсӣ ва ҳам сириллик мунташир шудааст.
 

Гузориши Озодӣ аз чопи аввали ин румон:

Романи нави Шаҳзодаи Самарқандӣ (Шаҳзода Назарова) – рӯзноманигор ва адиби шинохтаи тоҷики муқими Ҳолланд – бо номи “Регистон” чоп шуд. Шаҳзода рӯзи 5 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин китоб дар бораи тобистоне қисса мекунад, ки Шӯравии собиқ фурӯ пошид ва он вақт тоҷикони Самарқанд дар чӣ ҳол буданд.

Ӯ гуфт, ин достони таърихӣ нест ва фазои сиёсиву иҷтимоӣ дар доираи робитаи ошиқонаи як духтари самарқандӣ бо устод ва дӯсти дигараш баён шудааст. “Як достони ошиқонаи сегона ҳаст. Дар ин асар тасвир шудааст, ки инҳо дар фазои пулисиву амниятии Шӯравӣ чигуна ба якдигар кумак мекунанд, чигуна талош мекунанд, ки мушкилоти якдигарро бартараф намоянд”, – афзуд Шаҳзодаи Самарқандӣ.

Ин китоб ҳоло бо хатти форсӣ нашр шуда, ба қавли Шаҳзода, нусхаи он бо кириллӣ низ ба зудӣ дастраси хонандаҳо хоҳад шуд. Аз ин пеш Шаҳзода романи “Синдроми Стокҳолм” ва “Замини модарон”-ро ба ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ нашр карда буд. Вай фориғуттаҳсили бахши забону суханшиносии тоҷикии Донишгоҳи Самарқанд буда, дар риштаи филмсозӣ дар Лондон чанд давраи омӯзишро гузаштааст. Шаҳзода дар филми сохтаи Меҳдии Ҷомӣ бо номи “Чархофалак” ба унвони ровӣ ҳузур дорад.

Манбаъ Озоди

Additional information

Author

Шахзода Назарзода Самарканди

ISBN 10/13

9789492675040

Publisher

Red Intellect
Ақли Сурх

Language

Persian/Cyrillic

No. of Pages

306

Date of Publish

25-04-2018

Reviews

There are no reviews yet.

Be the first to review “Регистон (румон)”

Your email address will not be published. Required fields are marked *